Ба ахири моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми Бонкии Тоҷикистон ҳудуди 11 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24% афзуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат ҳамчунин идома ёфта, 55,3 фоиз (6 067,6 млн. сомонӣ) - ро қарзҳои дарозмуҳлат ва 44,7 фоиз (4 911,1 млн. сомонӣ) –ро қарзҳои кутоҳмуддат ташкил додаанд.
Гуфта мешавад, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар муддат бо пули миллӣ ба 23,64 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 21,66 фоизи солона баробар шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 3,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 598,9 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста