Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони корпоратсияи коркарди тиллои Зиҷинг майнинг Чэн Ҷинхэ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ширкати «Зиҷинг Майнинг» аз соли 2007 то 1 январи соли 2015 дар ҶДММ Корхонаи Муштараки «Зарафшон» зиёда аз 277 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуда, аз ҷумла техникаю технологияи навтарини соҳаро ворид намудааст.
Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд ва уҳдадор шуданд, ки новобаста ба мушкилоти бӯҳронӣ корхона ояндаи наздик 2 адад полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони Тарор истихроҷи маъданро ба роҳ мемонанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо истифода аз технологияи муосир ва самаранок истифода бурдани канданиҳои фоиданок, соли равон дар корхонаи «Зарафшон» истеҳсоли маҳсулоти нав - хокаи мис ба роҳ монда шуд. Қаблан маҳсулоти мазкур дар омехтагӣ ба полоишгоҳ партофта мешуд. Оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ сохта мешавад.
Ҳамчунин ба итмом расонидани Асосноккунии иқтисодию техникии кони Ҷилав ва ба истифода додани коргоҳи нави заршӯи бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарӯз дар назар аст. Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016 то ба 1,5 млрд. сомонӣ хоҳад расид ва аз ин ҳисоб 500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.
Ҳоло дар ин корхона 2260 корманд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва 52 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд. Дар соли равон корхона истеҳсоли 2800 кг тилло ва 220 кг нуқраро ба нақша гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои соли 2014 - 131,6 фоиз зиёд аст.
Хотиррасон бояд намуд, ки ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» моҳи августи соли 2007 таъсис ёфта, то имрӯз ба муваффақиятҳои калони истеҳсолию технологӣ ноил гардидааст. Сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ корхонаи Зарафшон аз соли 2009 ба ин сӯй бо фоида фаъолият дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста