Имрӯз, 17 сентябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи молҳои содиротии «Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин» ба кор шурӯъ мекунад, ки то 19 сентябр идома меёбад.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), Раёсат оид ба умури рушди савдои хориҷии назди Вазорати тиҷорати Чин, Департаменти тиҷорати Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин, маъмурияти Ҳавзаи Қошғари Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин ва маъмурияти шаҳри Урумчӣ созмон дода шудааст.
Қабл аз ифтитоҳи намоишгоҳ вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сардори департаменти тиҷорати Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Ся Гантай ва ноиби губернатори ноҳияи Аксуйи ин минтақа Муталиб Розӣ доир гардида, дар ҷараёни суҳбат масоили рӯзмарраи густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ин минтақаи Чин бо Тоҷикистон ва дурнамои афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни ҷонибҳо тавассути баргузории ярмаркаву намоишгоҳҳо баррасӣ шуданд.
«Маҳз намоишгоҳҳо воситаи пурсамари тақвият ва суръатбахшӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг миёни кишварҳо буда, ин як платформаест, ки дар он доираҳои тиҷоратии Чину Тоҷикистон шарикони имконпазир оид ба тиҷоратро дарёфт намуда, гуфтушунид мекунанд ва ёддошту қарордоҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд», - иброз доштааст зимни суҳбат Шариф Саид.
Раиси ПСС Тоҷикистон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ба ҳузури Чин дар иқтисоди ҷумҳурӣ манфиатдор аст. «Намоишгоҳи мазкур бешубҳа ба рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни Тоҷикиситону Чин мусоидат хоҳад кард», - илова намудааст Шариф Саид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста