Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда нерӯгоҳи Сангтӯда-1 шиносномаи омодагӣ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистони соли ҷориро ба даст овард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», зимни санҷиши маҷмӯавӣ комиссия таҳти раҳбарии намояндаи ширкати «Интер РАО» дар иҷрои корҳои таъмиру омодагии таҷҳизоту дастгоҳҳои нерӯгоҳ ҳеҷ камбуду норасоӣ пайдо накардааст.
Гуфта мешавад, санҷиши омодагии нерӯгоҳ шурӯъ аз соли 2012 ҳамасола сурат гирифта, барои таъмини кори пурмаҳсули иншоот дар давраи сарбории ҳадди ниҳоӣ зарур аст, ки аз моҳи сентябр оғоз гардида, дар моҳи феврал сарборӣ метавонад то 300 МВт расад ва мутаносибан ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзӣ низ аз 3,5-4,5 млн. кВт/соати тобистона то 6-7 млн. кВт/соати зимистона меафзояд.
Директори генералии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» Павел Лавров дар ин робита изҳор намудааст, ки дар шароити камбуди барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон, вазифаи аввалиндараҷа таъмини фаъолияти мунтазами нерӯгоҳ ва истеҳсоли ҳарчи бештар нерӯи барқ аст. «Хотирасон менамоям, ки нерӯи барқи дар Сангтӯда-1 истеҳсолшуда қариб сеяки камбуди мавсимии барқро ташкил медиҳад», - таъкид доштааст номбурда.
Қаблан дар ин маврид иттилоъ дода будем , ки корҳои таъмири асосии гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба итмом расида, пас аз анҷоми таъмири асосии нақшавӣ, гидроагрегат муваффақона ба кор дароварда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста