Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои иктишофи геологӣ дар кони тиллои «Хирсхона» қаноатманд аст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Саридораи геология, чанд рӯз қабл сардори корхона Мурод Хол зимни сафар ба шаҳри Панҷакент бо раҳбарияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон» дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот масоили марбут ба ҷараёни корҳои иктишофи геологӣ дар кони «Хирсхона» баррасӣ шуданд ва Мурод Хол аз рафти ин корҳо қаноатмандӣ изҳор намудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз Саридораи геология ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфтанд, дар бораи ҳаҷми захираҳои кони «Хирсхона» ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст ва айни замон мутахассисони Чин дар он ҷо корҳои пармакуниро анҷом дода, танҳо баъди ба итмом расидани он, метавон дар бораи захираҳои ин кон маълумот ба даст овард.
Ба иттилои манбаъ, корхои иктишофи геологӣ дар кони «Хирсхона» бо маблағгузории ширкати Zijin Mining Group Co.Ltd-и Чин - сармоягузори асосии корхонаи муштараки «Зарафшон» амалӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан соли 2013 собиқ сардори Саридораи геология Азим Иброҳим ба журналистон изҳор намуда буд, ки дар кони «Хирсхона» захираҳои нави тилло кашф шудаанд ва натиҷаҳои иктишофи геологӣ нишон додаанд, ки дар қабатҳои кон беш аз 1 тонна тиллои дараҷаи саноатӣ, ҳудуди 7 тонна тиллои ғайрисаноатӣ ва боз наздики 4 тонна захираҳои пешакии ин металли қиматбаҳо мавҷуданд, ки минбаъд аз истихроҷи 10 тонна тилло аз ин кон метавон интизорӣ дошт.
«Таркиби тилло дар 1 тонна маъдан дар қабатҳои берунаи кони «Хирсхона» аз 2 то 3 граммро ташкил медиҳад», - таъкид дошта буд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста