Дар доираи кори Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе- 2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, миёни Кумита ва Кластери кимёвии Бавария (Олмон) оид ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин бахшҳо ёддошт ба имзо расидааст.
Ҳамчунин байни Кумита ва Ширкати “NORINCO International Cooperation Ltd.”-и Чин оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқӣ ва хати интиқоли барқ ба ноҳияи Данғара, сохтмони пойгоҳи обкашӣ ва соф намудани манбаи об дар шаҳри Душанбе, сохтмони МБГ дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 2x350МВт, истеҳсоли газ аз ангишт, бунёди роҳи оҳан низ ёёдошт ба тасвиб расидааст.
Ғайр аз ин, Кумита бо Фонди сармоягузории «HUI-JIN»-и Чин дар бораи таъсиси корхонаи муштараки суғуртаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва бо Корпоратсияи “Zhong Min Tou”-и Чин оид ба ташкили корхонаи муштараки лизингӣ дар Тоҷикистон ёддоштҳо ба имзо расонид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ инчунин бо Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин оид ба сохтмонни корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ва Вазорати кишоварзии вилояти Тоскания (Италия) дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия ёддоштҳо ба имзо расонид.
Гуфта мешавад, дар доираи кори чорабинии мазкур ҳамчунин миёни корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои гуногуни хориҷӣ созишномаву қарордҳои сершумор ба тасвиб расиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста