Дар Душанбе семинари серӯзаи омӯзишии минтақавӣ оид ба зироаткории сарфаҷӯёна баргузор шуд.
Тавре аз Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ин робита иттилоъ доданд, мақсади асосии семинар аз баҳодиҳии ҳолати кунунии системаи зироаткорӣ ва баландбардории сатҳи дониши муттахасисони маҳаллӣ оид ба зироаткории сарфаҷӯёна мебошад. Ба ҷузъ аз мутахассисони маҳаллӣ, муттахасисон аз ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Ӯзбекистон ва Украина иштирок намуданд. Ҳамчунин онҳо оиди натиҷаҳои бадастоварда худ дар самти ҷоринамоии системаи зироаткории сарфаҷӯёна дар кишварҳояшон баромад мекунанд.
Дар назар аст, ки дар рафти семинар-омӯзиши минтақавии мазкур лоиҳаи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷоринамоии зироаткории сарфаҷӯёна низ муҳокима машавад.
“Мо боварӣ дорем, ки семинар- омӯзиши минтақавии мазкур барои амалӣ ва ҷорӣ намудани системаи зироаткории сарфаҷӯёна як такони нав мебахшад. Чунончи технологияи мазкур барои беҳтарнамоии ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот, даромаднокии хоҷагиҳо, дастрасӣ ба амнияти озуқаворӣ аҳамият дошта, ҳамчунин умедворем ки семинар барои пешрафти хоҷагиҳомуносибат бо муҳити атроф ва ҳамзамон барои мубодилаи таҷриба кӯмак мерасонад,” - гуфт Виорел Гутсу намояндаи ТОК СММ дар Тоҷикистон.
Тоҷикистон ҷумҳурии аграрӣ мебошад, ки дар он зироаткорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, махсусан ғалладонагиҳо ва зироатҳои техникӣ зиёд парвариш мешаванд ва 20% ММД кишвар ин ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ мебошад. Соҳаи аграрӣ яке аз бахшҳои калидии ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷумҳурӣ норасогии малака ва дониши муосир оиди системаҳои нави хоҷагидорӣ ва ҳамзамон дастнорас набудани набудани технологияи муосир ба назар мерасад. Вобаста бо ин масъала Вазорати кишоварзӣ аз ТОК СММ расман барои кӯмаки техникӣ оиди ҷори намудани зироаткории сарфаҷӯёна дархост кардааст. Семинари мазкур низ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзӣ дар доираи ин дастгирии техникӣ баргузор мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста