Зимни баррасии лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи тухмипарварӣ» дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ин самтро мавриди интиқоди шадид қарор дод.
Раиси палатаи поёнии парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки агар дар Тоҷикистон мушкилоти ҳосилнокии паст ҳал шавад, мушкилоти муҳоҷирати корӣ барои ҷумҳурӣ чун имрӯз он қадр рӯзмарра намешавад ва барои ҳаллу фасли мушкилоти ҳосилнокии баланд бошад, ҳалли мушкилоти соҳаи тахмипарварӣ зарур аст.
«Чанде қабл ман дар Қазоқистон будам ва бо кишоварзони ин кишвар вохӯрдам. Ба ман маълумот доданд, ки онҳо имсол аз ҳар як гектари замини обёришаванда 110 сентнерӣ ҳосили зироати ғалладона ба даст овардаанд. Дар Тоҷикистон бошад, аз як гектар замини обёришаванда 23 сентнер ҳосили зироати ғалладона гирифтаанд ва дар ин бора сухан гуфтан бароям шармовар аст», - қайд кард Ш.Зуҳуров.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон хоҷагии тухмипарварии муътадил фаъолияткунанда боқӣ намондааст.
Дар посух ба ин эроди Ш.Зуҳуров муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷамила Саидова иброз дошт, ки барои рушди тухмипарварӣ дар кишвар воситаҳои кофии молиявӣ ҷудо намешаванд.
«Масалан, айни замон Вазорати кишоварзӣ лоиҳаи барномаи давлатии Тоҷикистон оид ба рушди тухмипарварӣ барои давраи солҳои 2016-2020-ро таҳия намуда, вале Вазорати молия барои амалисозии он маблағ ҷудо намекунад», - гуфт Саидова.
Ш.Зуҳуров дар навбати худ зикр кард, ки аз далелҳои зиёди коррупсия дар бахши тухмипарварӣ огаҳӣ дорад. «Қазияҳои пурсарусадо буданд, агар надузданд, маблағҳои ҷудошуда кофист. Гузашта аз ин, маҳз Вазорати кишоварзиро зарур аст, ки ба ҳукумат зарурати рушди ин соҳаро собит созад», - афзуд раиси палатаи поёнии парлумон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста