Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки намояндагони сершумори ташкилотҳои қарзӣ муаррифии барномаҳо ва маҳсулотҳои яке ширкатҳои машҳури ҷаҳон Томсон Рейтерс оид ба ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ баогузор гардид.
Бино баа иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар даҳаи дуюми моҳи августи соли равон чунин як вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс баргузор гардида буд ва баъди баррасии пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои зикршуда намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулотҳои ширкати Томсон Рейтерс ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз дода буданд.
Дар давоми беш аз ду моҳи гузашта аксарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат бо ширкати Томсон Рейтерс ҳамкориро ба роҳ монда, шартномаи заруриро ба имзо расониданд. Дар чорабинии имрӯза мутахассисони варзидаи ташкили платформаи ягона барои низоми электронии савдо таҳти сарварии Роҳбар оид ба рушди фаъолияти ширкати Томсон Рейтерс дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил Александр Аухариев дар назди ҷамъомадагон дар бораи тарзу роҳҳои ҷойгир намудан ва танзими барномаҳои зарурӣ, усулҳои гузаронидани савдои асъорию мубодилавӣ, шарҳи низоми музоядавӣ ва анҷом додани музоядаи санҷишӣ ва ҳамчунин намоиш додани раванди тағйирёбии қурбҳо ба иштирокдорони бозор ба таври мукаммалу муфассал суханронӣ намуда, амалияи иҷро намудани онҳоро нишон доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар бахшҳои саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор ба дархостҳои худ дар мавриди дастрасӣ ба платформаи ягонаи савдои электронӣ дар дохили кишвар ва дар бозорҳои байналхалқӣ, иҷрои талабот барои бе мушкилот истифода бурдани маҳсулоту терминалҳои иттилоотии “Eikon”, “Thomson Reuters messenger”, “Thomson Reuters FX Trading”, баҳравар шудан аз хизматрасонии Хадамоти дастгирии техникии ширкат дар шаҳрҳои Москва ва Алмаато ва дигар паҳлӯҳои нозукӣ фаъолият дар майдони ягонаи савдои электронии асъор ҷавобҳои саҳеҳ ва маълумоти муфассал гирифтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста