Вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Сергей Сидорский зимни нишасти хабарӣ дар доираи кори Конфронси X байнулмилалии Бонки авруосиёии рушд «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ» дар Маскав қайд кард, ки Тоҷикистон то ҳол хоҳиши воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АруОсиё (ИИАО)-ро изҳор накардааст.
Ба қавли ӯ, раҳбарияти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ин масъаларо бодиққат мавриди омӯзиш қарор додааст. Сидорский илова намудааст, ки агар раҳбарияти Тоҷикистон хоҳиши воридшавӣ ба ИИАО-ро изҳор намояд, «пас мо ба баррасии ин пешниҳоди онҳо омодаем».
Дар навбати худ раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Дмитрий Панкин дар робита ба масъалаи қарздиҳӣ барои лоиҳаҳои Тоҷикистон зикр кардааст, ки нишондиҳандаи асосии лоиҳаҳо эътимоднокӣ ва сатҳи хавфҳо мебошад.
«Хавфи қарзҳои ба Тоҷикистон ҷудошуда ҳадди ақал аст, чунки ба воситаи хатти қарздиҳии Фонди авруосиёии субот ва рушд дода мешавад ва айни замон мо лоиҳаҳо дар бахшиҳои электроэнергетика ва хоҷагии роҳро баррасӣ дорем», - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Панкин, «афзалиятҳои Бонки аврусиёии рушд дар он ифода меёбад, ки якчанд кишварҳо манфиати муштарак дошта бошанду ҳалқаи арзиши иловашуда вуҷуд дошта бошад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста