Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар доираи ҳафтаи Авруосиё бо иштироки зиёда аэ 30 нафар соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF) таъсис дода шуда, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим ва роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии соҳибкорони “МЕДЕФ”-и Фаронса ҷаноби Jean BURELLE Ёддошти тафоҳумро ба имзо расониданд.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF соли 1989 таъсис ёфта, яке аз калонтарин намояндагии ташкилоти хусусии Фаронса дар ҷаҳон мебошад. Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF дорои зиёда аз 800 ҳазор нафар намоянда дар тамоми ҷаҳон мебошад. Зиёда аз 6.700 ширкатҳои Фаронсаи аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF аллакай дар ҷаҳон фаъолият менамоянд, ки 81 шӯрои Соҳибкорон таҳти роҳбарии 46 менеҷер аз ширкатҳои бузурги байналмилалии Фаронса мебошанд. Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF ҳамчун ташкиоти хусусӣ фаъолияти худро бо Бонки ҷаҳонӣ, БАТР, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар бонкҳои рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи Авруосиё аз санаи 23 то санаи 26 ноябри соли 2015 идома ёфта, дар доираи он Форуми соҳибкорони давлатҳои СҲИР, вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (Ассотсиатсияи соҳибкорони МЕДЕФ), мулоқоти доираҳои соҳибкорон ва ҳамчунин мулоқоти байни вазорату идораҳои кишварҳо ба нақша гирифта шудааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим дар вохӯрии мазкур назди соҳибкорони бонуфузи Фаронса оид ба иқтидор ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон маърӯза намуд.
ҶонибиТоҷикистонро дар чорабинии мазкур 10 нафар ҳайати соҳибкорон таҳти роҳбарии Қодири Қосим, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, муовини раиси Бонки Милии Тоҷикистон ва директори генералии КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста