Бонки осиёгии рушд (БОР) барномаи дастгирии буҷет дар ҳаҷми 60 млн. доллари ИМА ба марҳилаи аввали барномаеро, ки ба тавсеъаи имконоти аз нигоҳи иқтисодӣ судаманд, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон нигаронида шудааст, маъқул шуморид.
«Мусоидати молӣ ва машваратҳои техникии БОР ҳукуматро дар баргузории ислоҳоти сохторӣ барои рушди тиҷорат дастгирӣ намуда, он ба таъсиси ҷойҳои корӣ бо даромади хуб кумак мекунад», - гуфтааст Рубен Баретто, мутахассиси бахши молияи департаменти БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.
Амалисозии барнома ба се марҳила тақсим шуда, анҷоми он соли 2019 дар назар аст. Маблағгузории БОР ба марҳилаи аввал 53,4 млн. доллари ИМА ба сифати грантро ташкил дода, Фонди осиёгии рушд дар ҳаҷми 6,6 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.
Воситаҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дар як навбати ягона ҷудо шуда, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иҷрокунандаи ин барнома ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, яке аз ташкилотҳои асосии мададрасони ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҳудуди 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста