Ба кормандони Фурӯшгоҳи марказии Душанбе ё худ маъруф ба «ЦУМ» имрӯз директори навашонро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин ҳозирин бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шинос карда шуданд, ки мутобиқи он ҶС «Фурӯшгоҳи марказӣ» (ЦУМ) ба давлат баргардонида шуда, расман ба Маркази давлатии савдои Тоҷикистон табдили ном кард.
Дар ҳамин ҳол, акнун собиқ саҳмдорони «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба ин қарори суд розӣ набуда, ба мақомоти болоӣ шикояти кассатсионӣ пеш бурдаанд. Онҳо омодаанд, ки фурӯшгоҳро тарк кунанд, вале танҳо дар сурати баргардони воситаҳои харҷкардаашон барои харидории саҳмияҳо.
Мақомоти судӣ ваъда медиҳанд, ки масъалаи пардохти маблағи саҳмияҳо баъди ба кор шурӯъ намудани директори нав ҳал мешавад, вале саҳмдорон ба ин бовар надоранд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи даъвои Кумитаи давлатии амвол бобати ба ихтиёри давлат баргардонидани ин иншоот ба итмом расид.
Ҳанӯз соли 2012 Суди олии Тоҷикистон дар бораи ба давлат баргардонидани иншооти мазкур қарор қабул карда буд. Дар ин қарор зикр гардида буд, ки ба саҳмдорони иншоот, ки шуморашон ҳудуди 500 нафарро ташкил медиҳад, бояд пулҳои харҷкардаашон барои харидории саҳмияҳо дар давраи аз соли 1993 то соли 2003 баргардонида шавад. Масъалаи чӣ миқдор ба киҳо баргардонидани воситаҳоро бояд комиссияи барҳамдиҳӣ ҳал мекард.
Акнун иншоот ба давлат баргардонида шуда, саҳмдорон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, зеро дар қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба баргардонидани воситаҳои онҳо ҳарфе ҳам зикр нашудааст.
Собиқ директори генералии ҶС «Фурӯшгоҳи марказӣ Боймурод Холмуродов дар шарҳи ин қазия ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳама саҳмдорони фурӯшгоҳ қотеъона тасмим гирифтаанд, ки «то пулҳояшнро барнагардонанд, амволашонро ба касе намедиҳанд ва он давлатӣ намешавад». «Мо чунин тасмим гирифтем. Мо аллакай медонем, ки агар аз ин ҷо равем, дигар рӯи пулро намебинем, ин корҳо аллакай шуда буданд. Аз ин рӯ мубориза мебарем», - афзуд собиқ директори генералии фурӯшгоҳ.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки беш аз бист саҳмдори Фурӯшгоҳи марказии Душанбе 8 декабр аз мақомоти кишвар талаб кардаанд, ки аввал пули саҳмияи онҳоро баргардонанд ва сипас директор (мудир)-и нав ба кор оғоз кунад.




Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста