Дар шаҳриУрумчии Чин рӯзи 13 декабр маросими оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни сомонии Тоҷикистон ва юани Чин ё СВОП баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории ИА «Синьхуа» иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, моҳи сентябр бонкҳои Марказии Тоҷикистону Чин дар бораи СВОП-и асъорӣ созишнома ба имзо расониданд, ки он ба анҷоми амалиёт миёни як асъор бо асъори дигар имкон дода, ба беҳбуди амалисозии созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва дастгирии бозорҳои молиявӣ аз нигоҳи камбуди асъор мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, созишнома ба маблағи 3 млрд. юан - 3 млрд. сомонӣ (ҳудуди 470 млн. доллари ИМА) муддати се сол бо имкони тамдид бо розигии тарафайн амал мекунад. «Он минбаъд бояд савдо ва сармоягузориро ривоҷ дода, ҳамчунинмини устувории молӣ дар минтақаро таъмин созад», - гуфтааст раиси ҳукумати Ноҳияи Мухтор Синтзян-Уйғур Шуҳрат Зокир.
Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2014 Чин ба сармоягузори дуюми бузургтарин ва шарики сеюми тиҷоратии бузургтарини Тоҷикистон табдил ёфт.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 сентябр Миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки мардумии Чин созишнома дар бораи мубодилаи мутақобилаи асъор аз рӯи қурбҳои сабтшуда (СВОП) созишнома ба имзо расид.
Тибқи маълуомти БМТ, дар ин санад марҳила ба марҳила (муддати се сол) аз ҷониби Бонки мардумии Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо шудани беш аз 3,1 млрд. юан (ҳудуди 500 млн. $) пешбинӣ шудааст.
Ҷалби воситаҳои Бонки мардумии Чин бо усули «своп» сурат мегирад, ки табодули бисёрмӯҳлати пардохтҳо бо асъори миллии ҳарду кишварро дар назар дорад. Воситаҳо аз рӯи зарурат қисм-қисм дастрас карда мешаванд.
Дар Бонки миллӣ ҳамчунин илова намуда буданд, ки воситаҳои ҷалбмешудаи ташкилотҳои қарзии Чин ба дастгирии қурби сомонӣ, тавозуни пардохтпазирии Бонки миллӣ ва ҳамчунин ҷудо кардани қарз ба тиҷорати хурду миёна тариқи бонкҳои сатҳи дуюми кишвар равона мегарданд.
Интизорӣ меравад, ки баъди дастрас шудани ин воситаҳо миёнаравии асъори сеюм зимни муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин хеле паст меравад, зеро воридкунандагони мол аз Чин ба Тоҷикистон метавонанд воситаҳои худ бо асъори миллиро бо асъори чинӣ иваз кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста