Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор дошт, ки кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофиҳо) аз ҷониби ин ниҳод ҷаримабандӣ намешаванд.
Аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки раҳбарияти Бонки миллӣ аз марги Алихон Азимов дар таассуфу андӯҳгин буда, ба наздикони ӯ самимона тасаллият изҳор медорад. «Барои оилаву хешон ва наздиконаш ин талафоти хеле бузург аст», - гуфтанд дар БМТ.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ изҳор дошт, ки барои риоя накардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиии БМТ, кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима накарда, танҳо моликони саррофиҳоро, ки аз моҳи апрели соли равон бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд дониста мешаванд, мавриди ҷаримабандӣ қарор медиҳад.
Зимнан зикр гардид, ки дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ, ташкилотҳои қарзии хурд 60 ҳазор сомонӣ ва бонкҳо ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд. «Аз ин рӯ, Бонки миллӣ ба ҷаримае, ки тибқи маълумоти ВАО ба худкушии А.Азимов боис шудааст, ҳеҷ муносибате надорад. Кӣ медонад, шояд сабабҳои дигар низ ҷой доштанд. Умедворем, ки мақомоти тафтишот ба ин масъала рӯшанӣ меандозанд», - гуфт як манбаъ аз Бонки миллӣ.
Ҳамчунин ин манбаъ илова намуд, ки нуқтаи мубодилаи асъор, ки дар он Азимов фаъолият дошт, ба ҶСК «Тоҷиксодиротбнк» мансуб ст.
Радиои Озодӣ як рӯз пеш хабар дода буд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъор (саррофӣ)-и бозори «Фаровон»-и шаҳри Душанбе пас аз ҷаримабандӣ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Бонки миллӣ, дар хонааш худро ба дор овехта, худкушӣ кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста