Бонки марказии Русия маълумоти оморӣ дар бораи интиқоли маблағҳои пулии фаромарзӣ дар семоҳаи сеюми соли 2015-ро ба нашр расонид, ки тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ амалӣ шудаанд.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, семоҳаи сеюми соли 2015 тавассути ин низомҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 358 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014 - 1 млрд. 348 млн. $) маблағҳо интиқол дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 73,5% камтар аст.
Ба иттилои манбаъ, тӯли 9 моҳи соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 1 млрд. 54 млн. доллари ИМА (9 моҳи соли 2014 - 3 млрд. 16 млн. $) маблағҳо фиристода шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2015 интиқоли мабалғҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 65,1% кам шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста