Барои рушди суботи иқлимӣ дар Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.
Дар иттилоияи рӯзи чоршанбе интишоршудаи БАТР дар ин робита қайд мешавад, ки қарз бо арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ, баробар бо 2 млн. доллари ИМА дар шарикӣ бо Барномаи омзоишии суботи иқлимӣ (PPCR) пешниҳод мегардад.
«Ин қарзи дуюм дар доираи механизми иноватсионии маблағгузорӣ аст, ки аз 1 декабр, замони гирдиҳам омадани сарони кишварҳои ҷаҳон дар Париж дар Конфронс оид ба иқлим COP21 мавриди амал қарор гирифт ва нахустин механизми махсуси фаъолияти БАТР дар минтақа мебошад, ки ба лоиҳаҳои мусоидаткунанда ба мутобиқат ҷиҳати тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст», - таъкид мешавад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, якумин кишваре, ки тариқи ин механизми маблағгузорӣ воситаҳо дастрас мекунад, Тоҷикистон аст, ки яке аз кишварҳои дорои сатҳи баланди осебпазирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста