Дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд корхонаи нави коркарди такрории партовгоҳи маъдан - «Шуҳрат-2005» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Аз шуъбаи саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корхонаи нав дар маҳаллаи Чоруқ-Дайрон ҷойгир шуда, партовҳои металли собиқ комбинати металлҳои гаронбаҳои Ленинободро дубора коркард мекунад.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхона раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода қайд кард, ки корхона дорои худуди 150 гектар замин буда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони чинӣ ба азнавкоркарди партовгоҳи маъдан оғоз мекунад.
Раиси шаҳр изҳор дошт, ки дар ин корхона дар марҳилаи аввал то 60 нафар ҷавонони худи шаҳрак ва баъдан то зиёда аз 100 нафар бо ҷои кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин мешаванд.
Қобили зикр аст, ки тӯли 11 моҳи соли 2015 дар шаҳри Қайроққум 29 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба маблағи умумии 1 млрд. 17 млн. 605,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 131 млн. 430,8 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста