Дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарон ва сардорони сохторҳои марбутаи қарздиҳии бонкҳои ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи дастгирии буҷет, андешидани чораҳо дар самти солимгардонии бонкҳо, масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 177 “Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо” ва Тартиби татбиқи ҷораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Дамодаран Кришнамуртӣ иштирок намуд ва бо муаррифии муфассал оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 дар назди роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои кишвар баромад кард.
Тавре намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни пешниҳоди муаррифии худ иброз дошт, тағйиру иловаҳои номбурда асосан тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллии низоми бонкӣ таҳия шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шаклу усулҳои қарздиҳӣ, ташкил ва истифодаи дурусти захираҳо, фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо равона гардидаанд.
Дар ҷараёни муҳокимаи баъзе бандҳои лоиҳаи тағйиру иловаҳо, аз ҷумла оид ба гуруҳбандӣ ва таснифоти намудҳои қарзҳо, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда миёни иштирокдорони ҷаласа ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ саволу ҷавоб баргузор гардид ва ҷонибҳои фикру андешаҳои худро баён намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста