Дар робита ба буҳрони иқтисодӣ дар Русия, шумори мусофирон дар хатсайрҳои ҳавоии ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ва талабот ба ин навъи хизматрасонӣ кам шуда, ба поинравии назарраси арзиши билетҳо дар хатсайрҳои ҳавоӣ боис гардид.
Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон билети парвоз ба Маскав аз Душанбе ва бозгашт аз он ҷо 2,2 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Бо фуруд омадан дар дигар нуқта метавон бо 2 ҳазор сомонӣ ҳам чунин рафтуомадро анҷом дод.
Нархи билети парвоз аз Душанбе ба Оренбург ва бозгашт аз он ҷо низ 2, 2 ҳазор сомонӣ, Краснодар - 2,5 ҳазор сомонӣ, Санкт-Петербург - 2,8 ҳазор сомонӣ (бо фурудоӣ дар нуктаи дигар - 2,4 ҳазор сомонӣ), Екатеринбург - каме бештар аз 3 ҳазор сомонӣ, Самара - 2,8 ҳазор сомонӣ ва Новосибирск - 2,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо 1 ҳазор сомонӣ метавон ба Бишкек парвоз карду аз он ҷо ба Душанбе баргашт. Арзиши билети равуо ба Алмаато ба - 1,8 ҳазор сомонӣ ва Истамбул - 3,3 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Барои равуо ба шаҳри Хуҷанд қариб 800 сомонӣ маблағ зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори хатсайрҳо аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба Маскавро кам кардааст. Дар худи ширкат аз шарҳи ин масъала алҳол худдорӣ карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста