Бо шарти баргузор намудани ислоҳот дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, Бонки осиёгии рушд (БОР) омода аст, ки барои дастгирии буҷети Тоҷикистон 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кунад.
Аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин маблағ дар доираи барномаи дастгирии ҷумҳурӣ барои соли равон пешниҳод шуда метавонад.
«Аммо қабл аз ин бояд якчанд шартҳо иҷро шаванд, ки ба беҳтар намудани муҳити умумии сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд». - гуфтанд дар намояндагӣ.
Ба иттилои манбаъ, дастгирии пешбинишуда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки каср (дефитсит)-и назарраси буҷети кишварро коҳиш бидиҳад. «Ба иллати поинравии қурби рубл ва коҳиши рушди иқтисоди Русия, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ кам шуда, шумори муҳоҷироне, ки ба ватан бармегарданд, афзуд ва ин ба камбуд ё иҷро нашудани буҷет (каср) боис гардид», - таъкид дошт манбаъ.
Дар намояндагии БОР қайд карданд, ки айни замон бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин маврид гуфтугӯҳо ҷараён дошта, баъди дар палатаи болоии парлумон тасдиқ шудани қонун «Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ», ҳаллу фасли ин масъала имконпазир аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста