Портали мустақили Airlinerating.com шурӯъ аз соли 2013 пайдарҳам ширкати ҳавопаймоии австралиягии Qantas-ро бехавфтарин ширкати ҳавопаймоии ҳамлу нақл дар ҷаҳон эътироф намуд. Дар мониторинги мазкур ба сурати умум 407 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон иштирок кардаанд.
Ба 20-гонаи бехавфтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамлу нақли ҷаҳон тибқи фарзияи Airlinerating.com аз ҳама бештар ширкатҳои амрикоӣ - чор ширкат (аз ҷумла American Airlines ва United Airlines), ду ширкати ҷопонӣ, ду ширкати Аморати Муттаҳидаи Араб (Emirates и Etihad Airways) ва ҳамчунин ширкатҳои австралиягӣ (бо шумули Qantas) шомил гардидаанд. Ба 20-гонаи беҳтарин ширкатҳои аврупоии Finnair, KLM-и голландӣ, Lufthansa-и олмонӣ Virgin Atlantic-и бритониёӣ низ дохиланд.
Дар маҷмӯъ баҳои баландтарини 7 балл дар бахши бехатариро аз 407 ширкат 148 ширкатҳои ҳавопаймоӣ соҳиб шудаанд.
Ҳамчунин миёни ширкатҳои ҳавопаймоии минтақаи Осиёи Марказӣ низ ширкатҳои бехавфтарини ҳамлу нақл номбар шудаанд. Ҳамин тариқ, ширкати миллии ҳавопаймоии «Tajik Air» аз 7 балли баландтарин - 3 балл, ширкати миллии ҳавопаймоии Turkmenistan Airlines - 4 балл, «Air Astana»-и Қазоқистон - 5 балл, Uzbekistan Airways - 6 балл ва MIAT Mongolian Airlines - 7 балл гирифтаанд. Аз ширкатҳои Қирғизистон дар рейтинг ном бурда нашудааст.
Боз 50 ширкати ҳавопаймоӣ 3 баллӣ ва камтар аз онро касб намудаанд. Даҳ ширкати ҳавопаймоӣ аз Индонезия, Непал ва Суринам ҳамагӣ 1 баллӣ гирифтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста