- Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи имконот бархӯрдор аст, то ки металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷшударо пурра харидорӣ намояд, - изҳор дошт сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол.
«Бо итминон гуфта метавонам, ки то имрӯз ягон грамм металли қиматбаҳо ба хориҷи кишвар бароварда нашудааст», - гуфт ӯ рӯзи сешанбе ба журналистон.
Ба қавли ӯ, иҷозатнома барои ба хориҷи кишвар баровардани металлҳои гаронбаҳо дар он ҳолате дода мешавад, ки агар ҳукумат ба харидории он имкон надошта бошад.
Бо ишора ба қонунгузории амалкунандаи ҶТ Мурод Хол қайд кард, ки ба хориҷи кишвар баровардани маъдан, консентрати ашёи хом ва маводи дорои металл ва сангҳои гаронбаҳо танҳо дар ҳолати мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва технологияи коркарди фоидаовари онҳо дар дохили кишвар амалӣ мешавад.
Ӯ таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави кишвар истихроҷшударо бо назардошти нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ бо мақсади афзудани захираҳои фонди металлҳои гаронбаҳо ва сангҳои гаронбаҳо мехарад.
Гузашта аз ин, зикр кард ӯ, худи корхонаҳои истихроҷи ин мавод ба фурӯши маҳсулоти худ дар дохили кишвар манфиатдоранд, зеро ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулот барои онҳо хароҷоти иловагӣ аст.
Қобили зикр аст, ки айни замон корхонаи муштараки «Зарафшон, «Апрелевка», «Одина», ширкати чинии China Nonferrous Gold (корхонаи фаръии он - «Покрӯд»), корхонаҳои ватании «Назира», «Ганҷ», «Баракат» ва «Истиқлол» ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон машғул мебошанд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон қариб 2 баробар афзуда, ҳудуди 2,3 тоннаро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста