Намояндаи Тоҷикистон дар маросими расмии оғози фаъолияти Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), ки рӯзҳои 16-18 январ дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин доир мегардад, иштирок мекунад.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори алтернативии AIIB аз Тоҷикистон Лочин Файзуллозода намояндагӣ мекунад, ки муовини аввали раиси Кумитаи мазкур аст.
Директори Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз Тоҷикистон ёвари президенти мамлакат оид ба масоили иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев мебошад.
Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин вохӯрии аъзои Шӯрои мудирон ва Шӯрои директорони Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ низ баргузор мешавад, ки дар онҳо президенти бонк интихоб мешавад.
Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (англ. Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) - созмони байнулмилалии молиест, ки соли 2014 бо ташаббуси Чин таъсис дода мешавад. Созишнома дар бораи таъсиси бонк аз ҷониби 57 кишвари дунё ба имзо расидааст.
Ҳиссаи бузурги овозҳо дар Шӯрои директрони бонкро Чин, Ҳиндустон ва Русия соҳиб мешаванд. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Пекин воқеъ аст. Бонк ба сифати алтернатива ба Хазинаи байнулмилалии асъор (Вашингтон, ИМА), Бонки ҷаҳонӣ (Вашингтон, ИМА) ва Бонки осиёгии рушд (Манила, Филиппин) мавқеъгирӣ мекунад. Ҳаҷми сармояи оиннномавии Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 100 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аввали моҳи декабри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон моддаҳои Созишномаи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB)-ро якдилона маъқул шуморид . Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён изҳор намуд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур 30,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста