Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ»-ро ба тасвиб расонид.
Дар матни қарор, ки дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» интишор шудааст, гуфта мешавад, маркази мазкур «бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил карда мешавад».
«Гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқии оператори давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад», - омадааст дар қарор.
Ҳамчунин таъмини иҷрои қарори мазкур марҳида ба марҳила дар соли 2016 ба дӯши Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки иҷрои қарори мазкур барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунандаи Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста