- Чаҳор нафар аз 10 шаҳрванди синнусоли коршоями Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ кор дарёфт намоянд, - менависад маҷаллаи The Economist .
Дар маводи рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта чопшудаи нашрия қайд мешавад, ки агар баъзе кишварҳо нафту газ содирот кунанд, дигар кишварҳо одамонро содирот мекунанд.
Гуфта мешавад, соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан ба 42%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар шудааст, ки нишондиҳандаи баландтарин дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.
Муаллифи мавод таъкид месозад, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар сохтмон ё ҷойи дигар бо сатҳи пасти даромад дар қаламрави Русия кор пайдо мекунанд. Аммо дар робита ба поинравии рушди иқтисоди Русия, соли гузашта ҳамчунин ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон низ кам шуд.
«Тӯли 6 моҳи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия бо доллари ИМА 44% нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 коҳиш ёфт», - қайд мешавад дар маводи нашрия.
Бо зикри афзалияти интиқоли маблағҳои пулӣ нисбат ба кумакҳои гуногуни дигар, муаллифи мавод зикр мекунад, ки «дар муқоиса бо кумак, маблағҳои пулӣ мансабдорони ришваситонро як сӯ гузошта, мустақиман ба дасти афроди эҳтиёҷманд мерасанд».
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, имрӯз қариб ҳар як шаҳрванди ҳаштуми Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор дорад.
Тибқи маълумоти ахири Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.
Соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста