Аз оғози соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА қариб ба миқдори 7,3% поин рафт.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА ба имрӯзро дар сатҳи 7.4995 сомонӣ барои 1 доллари ИМА муқаррар кардааст. Санаи 31 декабри соли гузашта ин рақам ба 6.9902/1 баробар буд.
Ҳамин тариқ, дар ин давра Бонки миллӣ маҷбур шуд қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА-ро ба андозаи 7,28% коҳиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол, қурби миёнаи сомонӣ нисбати доллар дар марказҳои хизматгузории бонкӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ айни замон 8.20 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, вале ба қавли кормандони ин муассисаҳо, харидани доллар бо ин қурб бинобар сабаби мавҷуд набудани он ғайриимкон мебошад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз долларро метавон танҳо дар ба истилоҳ «бозори сиёҳ» харидорӣ намуд, ки аввали моҳи декабри соли гузашта баъди аз ҷониби Бонки миллӣ баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ба вуҷуд омад.
Тибқи баъзе маълумот, айни замон қурби миёнаи фурӯши доллар дар ин бозорҳои ғайриқонунӣ то ба 8,70 сомонӣ барои 1 доллари ИМА мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста