Дар вилояти Перми Русия соли гузашта ҳудуди 1,2 ҳазор тонна маҳсулоти зери карантин аз Тоҷикистону Озарбойҷон боздошту мусодира ва нобуд карда шуд.
«Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Перм давоми соли 2015 дар фурудгоҳи Болшое Савино зимни санҷиши фитосанитарӣ вуруди 4,25 кило тухмии гулу бутта, ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ ва зироати техникӣ, 30 дона ниҳолҳои дархтони мевадор, 2078,039 кило дигар маҳсулоти таркиби растанӣ - ғалладонагӣ, лӯбиёгӣ, чормағз, хушкмева, ҷуворимакка, меваҳо ва ғайраро аз Озарбойҷону Тоҷикистон манъ ва онҳоро барои нобудсозӣ равона кард», - маълумот дода мешавад дар сомонаи расмии Раёсати Росселхознадзор дар вилояти Перм.
Гуфта мешавад, маҳсулоти зери карантини мазкур тариқи бағочи дастӣ ва бор ба қаламрави Русия ворид карда шудааст.
«Дар робита ба гуфтаҳои боло ба таваҷҷуҳи шахсони манфиатдор расониданием, ки айни замон амали манъи муваққатии вуруди маҳсулоти зери карантин дар бағоч ва бори мусофирон аз Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома дорад. Аз ин рӯ ба вуруди маҳсулоти зери карантини аз кишварҳои зикршуда воридгардида ба қаламрави Русия роҳ дода намешавад», - қайд мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки дастури ҷорӣ шудани маҳдудияти муваққатии вуруди маҳсулоти зери карантин дар бағочу бори мусофирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2012 содир гардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста