Дар муқоиса бо соли гузашта дар Бонки давлатии амонтагузории «Амонатбонк» соли 2015 ҳаҷми қарздиҳӣ 1,5 баробар афзуд.
Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки соли 2015 бонк ба 28 ҳазор нафар мизоҷон ба маблағи умумии 1,3 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намуда, «ғайр аз ин, ҷиҳати дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ ба ин муассисаҳо низ қарз додааст».
Ба қавли Ҳакимзода, тақсимоти воситаҳои қарзӣ дар соли гузашта миёни бахшҳои муҳимтарини иқтисоди ҷумҳурӣ ба таври зайл сурат гирифтаанд: ба бахши кишоварзӣ - 21,6%; саноат - 19,6% сохтмон - 23,5%; эҳтиёҷоти истеъмолӣ - 11,4% савдо - 17,9%; нақлиёт - 5,2% ва дигар соҳаҳо - 0,8%.
Номбурда изҳор намуд, ки бақияи сандуқи қарзии БДА «Амонатбонк» дар охири соли гузашта 1,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 21% зиёдтар аст.
Ҳакимзода ҳамчунин таъкид дошт, ки дар шароити таъсири буҳрони ҷаҳонии молӣ мушкилоти баргардонидани қарзҳои муҳлаташон гузашта ба вуҷуд омадааст, ки мувофиқи имкон ҳаллу фасл мешаванд. «Кормандони мо ҳамарӯза бо ин қарзҳо сарукор доранд», - афзуд раиси бонк.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста