Ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тахфифҳои тарифӣ ба транзити бору мусофирон тариқи қитъаҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон тавофуқ ҳсоил карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Тибқи созишҳои ҳосилшуда, ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир Йӯллари» барои ҳамлу нақли транзитии маҳсулоти нафтӣ, алюминий ва гилхок тариқи қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон - Қудуқли ва Келес - Қудуқли соли 2016 ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҳаҷми 15% тахфиф (камкунии нарх) ҷорӣ мекунад. Ба ҳамлу нақли дигар бору маҳсулот то ахири сол тарифҳо ба андозаи 10% поин бурда шудаанд.
«Ҳамчунин барои кашонидани бору маҳсулоти гуногун аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ як қатор тахфифҳои дигар пешбинӣ шудаанд», - гуфта мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, таъкид мекунанд дар Вазорати нақлиёти кишвари ҳамсоя, нишондиҳандаҳо (коэффитсиентҳо)-е, ки тарифҳоро боло мебурданду то ҳол дар қитъаи роҳи оҳани Болдир - Қудуқли мавриди амал қарор доштанд, бекор карда шудаанд.
«Соли 2016 барои ҳамлу нақли мусофирон тавассути ҳамаи хатсайрҳо тахфифҳо дар ҳаҷми 15% пешниҳод шудаанд», - иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва қайд мекунад, ки иқдоми мазкур дар муносибатҳо миёни идораҳои роҳи оҳани ду кишвар бори нахуст ба мушоҳида мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста