Даҳаи сеюми моҳи оянда роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин дар назар аст.
Зимни брифинг ба ин муносибат дар Hayatt Regency Dushanbe қайд шуд, ки созишнома дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин байни ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Алянси Сайёҳии Синтзян» моҳи октябри соли гузашта ба имзо расидааст.
Таъкид гардид, ки талабот ба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Чин дар робита ба рушди бемайлони муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ байни кишварҳо ба вуҷуд омадааст.
Тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, парвози аввал тариқи ин хатсайр рӯзи 22 феврал баъди ба итмом расидани ҷашнҳои солинавӣ дар Чин анҷом дода мешавад.
Аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳавопаймо ба Пекин ҳар рӯзи душанбеи ҳафта парвоз карда, давомнокии парвоз 3 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Махсус барои хатсайри мазкур ширкати «Тоҷик Эйр» ҳавопаймои навъи «Боинг 757-200»-ро харидааст, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст. Ҳавопаймо 230 ҷойи нишаст дорад, ки 16-тои он ба дараҷаи тиҷоратӣ (бизнес-класс) мансубанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста