Айни замон нақшаҳои генералии 32 шаҳру маркази ноҳияҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
Муовини аввали Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода рӯзи 21 январ ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан корҳои таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии марказҳои маъмурии ноҳияҳои Мастчоҳ (40% корҳо ба итмом расидааст), Бобоҷон Ғафуров (75%) ва ҳамчунин Ховалингу Фархор ҷараён доранд.
«Таҳияи нақшаҳои генералии ҳашт шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - Панҷакент, Турсунзода, Мурғоб, Қумсангир, Хуросон, Панҷ, Зафаробод ва Шаҳристон пурра ба итмом расидааст», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, нақшаҳои генералии нуҳ шаҳру маркази ноҳияҳои кишвар - Ҷиликӯл, Дарвоз, Бохтар, Варзоб, Ашт, Сарбанд, Қайроққум, Ғончӣ ва Душанбе айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Зимнан зикр гардид, ки корҳои таҳияи нақшаҳои генералии ҳафт шаҳру маркази ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ алҳол шурӯъ нашудааст. «Тибқи нақшаи Кумита, нақшаҳои генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд то охири соли 2016 омода ва мавриди тасҳеҳ қарор гиранд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста