Таносуби қарзи хориҷии давлатии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми соли гузашта аз 22,5% то 27,9% афзуд.
«Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад», - изҳор дошт рӯзи чорашбе зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи президенти мамлакат, соли сипаришуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.
Мутобиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ахири соли гузашта каме бештар аз 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар сохтори қарзи хориҷӣ беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати ҷумҳуриро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷӣ ба беш аз 20 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳудуди 30 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.
Кишвари асосии қарздиҳанда ба Тоҷикистон Чин ба шумор меравад, ки ҳаҷми қарз аз ин давлат ҳудуди 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (326,5 млн. $) ва Бонки осиёгии рушд (277 млн. $) қарздор аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста