Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Ҷалил Пирзода изҳор намуд, ки имконоти молии Тоҷикистон алҳол барои роҳандозии низоми аз нигоҳи маблағгузорӣ дастгирӣ кардани бахши кишоварзии кишвар шароит фароҳам оварда наметавонанд.
«Ҳар як давлат ба таъмини амнияти озуқавории худ дар сатҳи 70-80% манфиатдор аст, вале айни замон буҷети кишвар ба мо имкон намедиҳад, ки ба бахши кишоварзӣ маблағгузорӣ намоем. Ин кор дар бисёре аз кишварҳо амалӣ мешавад», - гуфт ӯ ба журналистон зимни нишасти хабарии имрӯза.
Ӯ қайд кард, ки дастгирии бахши кишоварзӣ зарур аст, чунки ҳеҷ касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки оянда чӣ ҳолате ба вуҷуд меояд.
Дар ин робита Пирзода аз вазъи мавҷуда дар Туркия ёдовар шуд, ки айни замон ин кишвар маҳсулоти худро ба Русия содирот карда наметавонад. «Оянда ҳолате ба вуҷуд омаданаш имкон дорад, ки кадоме аз давлатҳои ҳамсоя ба мо мегӯяд, ки мо ба шумо орд ё гандум дода наметавонем. Аз ин рӯ мо бояд кӯшиш кунем, ки маҳсулоти кишоварзии заруриро дар кишвари худамон истеҳсол намоем», - қайд кард Пирзода.
Ба гуфтаи ӯ, чун имконоти молии дастгирии бахши кишоварзӣ аз ҷониби давлат алҳол нокофист, ҳукумат талош меварзад, ки соҳаро бо тарзу воситаҳои дигар дастгирӣ намояд. «Масалан, ҳукумат тарифҳои нерӯи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ дар соҳаи кишоварзиро поин бурд. Ғайр аз ин, барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии соҳа амалӣ мешаванд. Ҳамасола тавассути ҳар кадоме аз ин барномаҳо 200-300 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мешавад. Бахши кишоварзӣ ҳамчунин тариқи ҷалби гранту сармоягузорӣ ва ҳамчунин тавассути аз ҷониби «Амонатбонк» пешниҳод шудани қарз бо меъёри имтиёзноки фоизҳо дастгирӣ меёбад», - таъкид дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки агар оянда имконоти молии давлат имкон диҳанд, маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ оғоз мегардад. «Айни замон бо назардошти имконоти молии ҷумҳурӣ, мо танҳо ба соҳаи иҷтимоӣ чунин кумаку дастгирӣ пешниҳод карда метавонем», - афзуд корманди Дастгоҳи иҷроияи президент.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста