Дар муқоиса бо соли 2014 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли 2015 ҳудуди 950 млн. доллари ИМА кам шуд. Соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба андозаи 18% камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, зиёда аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми содироти мол давоми соли гузашта 8,9% (86,7 млн. $) коҳиш ёфта, ҳамагӣ каме бештар аз 890 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти воситаҳои нақлиёт - 29,4%, маҳсулоти минералӣ - 10,1%, металлҳои арзон ва маснӯот аз он - 4,5% ва маҳсулоти растанӣ - 2,3% коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми воридоти мол 20,1% (862,54 млн. $) коҳиш ёфта, ба беш аз 3,4 млрд. доллари ИМА баробар шудааст. Дар ин самт метавон аз коҳиши воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 54,2%, маҳсулоти минералӣ - 31,9%, маснӯот аз санг, гач ва семент - 30%, чӯб ва маснӯот аз он - 29,2%, маҳсулоти чорво - 20,9% ва маҳсулоти тайёри ғизойӣ - 16,7% маълумот дод.
Соли гузашта Тоҷикистон бо 88 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (беш аз 1,1 млрд. $), Чин (793 млн. $) ва Қазоқистон (ҳудуди 702 млн. $) дониста шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста