Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тӯли 6 соли ахир қурби арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 52% поин рафтааст.
«Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тайи 6 сол, давраи солҳои 2010-2015 ҳамагӣ 52% (дар ифодаи миёнаи солона 8,7%) коҳиш ёфт. Барои муқоиса муддати 6 сол дар давраи солҳои 1995-2000 рубли тоҷикӣ (воҳиди пулӣ, ки дар ин давра дар муомилоти Тоҷикистон қарор дошт, - CA-News) ба андозаи 757,4% (дар ифодаи миёнаи солона 126,2%) беқурб шудааст.
Ба иттилои манбаъ, соли 2015 қурби воқеъии самараноки сомонӣ нисбати доллари ИМА 86,7%-ро ташкил дод, ки ба пурра баҳодиҳӣ нашудани он дар ҳаҷми13,3% ишора мекунад.
«Дар баробари бозори чакана, бозори яклухти хариду фурӯши асъори хориҷии ғайринақдӣ дар шакли қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозори асъори дохилӣ мавҷуд аст, ки ҳаҷми асосии савдо дар он сурат мегирад. Ҳамин тариқ, соли 2015 ба ҳиссаи қисмати (сегменти) дохилибонкии хариду фурӯши доллари ИМА 74,8% аз ҳаҷми умумии савдо ва ҳамагӣ 16,9% ба ҳиссаи бозори нақдӣ рост меояд», - шарҳ додаанд дар хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.
Таъкид мешавад, ки яке аз омилҳои устувории нархҳои дохилӣ дар соли 2015 маҳз фаъолияти устувор ва тағйирёбии муътадили қурби сомонӣ дар ин ду қисмати бозори ғайринақдӣ аст.
«Бонки миллии Тоҷикистон тамоми восита ва имконотеро, ки дар ихтиёр дошт, баҳри пардохтпазирии онҳо равона кард. Яке аз ҳадафҳои аслии БМТ дар самти бозсозии бозори асъори нақдӣ ва муттаҳид кардани нуқтаҳои мубодилаи асъор дар сохторҳои ташкилотҳои қарзӣ, маҳз омӯзиши соҳибкорони инфиродӣ (савдогарон) ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ тавассути кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва табдили маблағи савдои онҳо бо сомонӣ ба долларҳои амрикоии ғайринақдӣ мебошад. БМТ минбаъд низ мунтазам ва бидуни эҳсосоти барзиёд чунин сиёсати асъорӣ ва қурбӣ оид ба бозсозии бозори нақдӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи қисматҳои ғайринақдии бозори хариду фурӯши асъори хориҷиро роҳандозӣ мекунад», - гуфта мешавад дар маълумоти БМТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста