Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ тамоми тиллои дар кишвар истеҳсолмешударо хариданианд.
Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки соли равон Бонки миллӣ ҳаҷми захираҳои тиллои худро ба таври қобили мулоҳиза зиёд карданист.
Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, ҳаҷми захирахои тиллои БМТ соли гузашта 40% ва ҳаҷми умумии захираҳои тиллову асъори бонк - 28% афзуд.
Дар ҳамин ҳол, раиси БМТ аз ифшои маълумот дар бораи ҳаҷми умумии захираҳои тилоову асъори ҷумҳурӣ худдорӣ варзид. Ба аввали соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллову асъор 2 млрд. 550,9 млн. сомониро ташкил дода буд.
Қаблан сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Мурод Хол ба журналистон изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи имконот бархӯрдор аст , то ки металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷшударо пурра харидорӣ намояд.
Ӯ таъкид дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави кишвар истихроҷшударо бо назардошти нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ бо мақсади афзудани захираҳои фонди металлҳои гаронбаҳо ва сангҳои гаронбаҳо мехарад, ки захираҳои тиллову асъори БМТ яке аз қисматҳои он мебошад.
Қобили зикр аст, ки айни замон корхонаи муштараки «Зарафшон, «Апрелевка», «Одина», ширкати чинии China Nonferrous Gold (корхонаи фаръии он - «Покрӯд»), корхонаҳои ватании «Назира», «Ганҷ», «Баракат» ва «Истиқлол» ва баъзе корхонаҳои дигар ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон машғул мебошанд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон қариб 2 баробар афзуда, ҳудуди 2,3 тоннаро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста