- Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Бонки мардумии Чин 1 млн. юан маблағ дастрас намуд, ки истифодаи он барои эҳтиёҷоти иқтидорҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ дар назар аст, - иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси БМТ.
Ӯ қайд кард, ки моҳи сентябри соли гузашта Бонкҳои марказии кишварҳо дар бораи оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни сомонии Тоҷикистон ва юани Чин ё СВОП созишнома ба имзо расониданд.
Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, дар доираи ин созишнома айни замон ба таври озмоиш дар ҳаҷми 1 млн. юан воситаҳо ҷалб шудаанд.
«Дар навбати аввал ин воситаҳо ба бахши истеҳсолӣ равона мегарданд», - гуфт ӯ ва қайд кард, ки ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки барои дастрас кардани асъори чинӣ аз корхонаҳои истеҳсолӣ дархост ҷамъоварӣ кунанд.
Нурмаҳмадзода дар шарҳи ин масъала гуфт, воситаҳои аз Чин дастрасшуда тариқи ташкилотҳои қарзӣ ба корхонаҳое дода мешаванд, ки нияти харидории таҷҳизот аз Чинро доранд.
Ба қавли номбурда, айни замон агентҳо, яъне бонкҳи хизматгузор муайян карда мешаванд, ки ба мубодилаи сомонӣ бо юан машғул хоҳанд шуд. «Минбаъд баъди муайян шудани талаботамон асъори чиниро дар ҳаҷмҳои зарурӣ ҷалб мекунем», - гуфт ӯ.
Раиси БМТ таъкид дошт, ки феълан дар мавриди ивази як асъор бо асъори дигар бо чунин тарз ҳамчунин бо Русия, Туркия ва дигар кишварҳо, ки шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд, гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
Нурмаҳмадзода бар ин назар аст, ки бо чунин тарзҳои корбарӣ фишори қурбӣ болои арзи миллии Тоҷикистонро метавон ба таври назаррас коҳиш дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста