Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсонеро, ки дар бозои асъор ба ҳанотӣ машғуланд, таҳия намуд. Нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
«Мо аз шумори онҳо ва макони зисташон огаҳӣ дорем», - гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 26 январ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва қайд кард, ки аллакай рӯйхати ҳаннотон тартиб дода шуда, ояндаи наздик ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод мегардад.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки ахири соли гузашта бо қарори Бонки миллӣ ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, пас аз ин собиқ афроди машғул ба мубодилаи асъори хориҷӣ ба анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор даст заданд.»Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо барои анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор дар соли гузашта беш аз 3 млн. сомониро ташкил дод», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки асосан ташкилотҳои қарзие, ки нуқтаҳои мубодилаи асъор ба онҳо тааллуқ доштанд ва ҳамчунин саррофони ҷудогона ҷаримабандӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон масъулият барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро сангинтар карданист. Мутахассисони Бонки миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ айни замон ба таҳияи тағйироту иловаҳои дахлдор машғуланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста