Холиқов Рустам аз мансаби директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» барканор гардид.
Бо қарорҳои ҳукумат Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори нави генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» таъин шуданд.
Вализода Рустам Файз муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуд.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки санаи 26 январ ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»-ро, ки «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба сохтораш дохил шуда буданд, боз ҷудо карда, онҳоро алоҳида ба номгӯи корхонаҳои Вазорати нақлиёт дохил кард. ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» ҳамагӣ каме бештар аз ним сол арзи ҳастӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста