Идорахои энергетикии Тоҷикисону Русия тавозуни индикативии сӯзишвории ҷумҳурӣ барои соли 2016-ро мувофиқа карданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки чун соли 2015 давоми соли равон Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни ситонидани боҷи содиротӣ интиқол медиҳад. Аз ҷумла таҳвили 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва ҳамчунин дигар маҳсулоти нафтии русиягӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи вазир, соли равон ба интиқоли ҳаҷми аз ҷониби Тоҷикистон дархостшудаи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ҳудуди 40 ширкат машғул хоҳанд шуд.
Ӯ таъкид дошт, ки тайи ду соли ахир Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативии сӯзишворӣ аз Русия маҳсулоти нафтӣ дастрас мекунад. «Аз ҷумла, - иброз дошт ӯ. - Соли 2014 ҷонибҳо дар хусуси 1 млн. тонна тавофуқ ҳосил карда буданд, вале ба ҷумҳурӣ муясссар гардид, ки ҳамагӣ 576 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол диҳад. Соли 2015 ҳаҷми тавозуни индикативӣ 830 ҳазор тоннаро ташкил дод, лекин дар амал тақрибан 560 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд».
Коҳиши ҳаҷми интиқол мутобиқи тавозуни индикативиро вазир дар навбати аввал ба афзоиши ҳаҷми воридоти гази моеъ нисбат медиҳад, ки бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҳудуди 60%-и автомашинаҳои ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз он истифода мекунанд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 336 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли 2014 ба миқдори 57 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста