Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли металлҳои гаронбаҳо дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза афзуд. Дар муқоиса бо соли 2014 соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли тилло - 31,6% ва нуқра - 61% зиёд шуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бозода зимни нишасти хабарии имрӯза ҳаҷми тиллои истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ соли гузаштаро ифшо накарда, изҳор намуд, ки ин маълумот «махфӣ» аст. «Маълумот дар бораи металли рақами 1-ро мо танҳо дар фоизҳо нисбат ба давраи гузашта пешниҳод карда метавонем», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, соли 2014 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 3,2 тонна тилло истеҳсол шуда буд ва аз ин метавон муқаррар кард, ки соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли ин навъи металли гаронбаҳо дар кишвар то ба 4,2 тонна расидааст.
Дар ҳамин ҳол, Бобозода таъкид дошт, ки соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳаҷми хариди тиллои дар кишвар истеҳсолмешударо зиёд карданд.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2015 бори нахуст корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маснӯоти заргарӣ аз тилло машғуланд, ба харидани тиллои ватанӣ оғоз намуданд. «Мо ба харидани тиллои дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда дар дохили кишар манфиатдорем», - иброз дошт вазир ва илова намуд, ки «ин ҳамчунин аҳамияти сиёсӣ низ дорад».
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш раиси Бонки милии ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар мавриди ин масъала зикр карда буд , ки Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ тамоми тиллои дар кишвар истеҳсолмешударо хариданианд.
Қаблан сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол низ дар ин робита изҳор намуда буд , ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи имконот бархӯрдор аст, то ки металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷмешударо пурра харидорӣ намояд.
Қобили зикр аст, ки айни замон корхонаи муштараки «Зарафшон, «Апрелевка», «Одина», ширкати чинии China Nonferrous Gold (корхонаи фаръии он - «Покрӯд»), корхонаҳои ватании «Назира», «Ганҷ», «Баракат» ва «Истиқлол» ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон машғул мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста