Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи зиёд кардани ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ дар моҳи февралро баррасӣ дорад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин буда, аҳолии манотиқи деҳот на камтар аз 13 соат дар як шабонарӯз бо нерӯи барқ таъминанд.
«Бо дастури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин масъала таҳти назорати қатъии ширкати «Барқи тоҷик» қарор дорад, - иброз дошт вазир. - Имрӯз ба минтақаҳо дар як шабонарӯз на камтар аз 13 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Рӯзҳои наздик беҳтар шудани таъминоти аҳолии минтақаҳо бо нерӯи барқ дар назар аст».
Ӯ қайд кард, ки айни замон захиарҳои оби обанбори Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,35 метр ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 5,5 метр баландтар аст.
«Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳаҷми интиқоли барқ ба аҳолиро зиёдтар кунем», - гуфт Усмонзода ва илова намуд, ки «моҳи феврал энергетикҳо кӯшиш мекунанд, ки ба реҷаи интиқоли барқ тағйирот ҷорӣ намоянд». «Аммо ҳамааш ба шароити обуҳаво вобаста хоҳад буд», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста