Тоҷикистон тадриҷан ҳаҷми воридоти ордро коҳиш дода, ҳаҷми воридоти гандумро, ки минбаъд дар дохили ҷумҳурӣ коркард мешавад, афзун мекунад.
Сардори Раёсати савдо ва хизматрасониҳои Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбат ба соли 2014 соли гузашта ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ қариб 26% кам шуда, дар ҳамин ҳол, воридоти гандум тақрибан 11% афзудааст.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2015 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 57,1 млн. доллари ИМА беш аз 140 ҳазор тонна (соли 2014 - 189 ҳазор тонна ба маблағи 77,6 млн. $0) орд ворид карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Асматбеков афзоиши ҳаҷми воридоти гандум дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2014-ро қайд кард. «Соли 2015 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 244,5 млн. доллари ИМА қариб 859 ҳазор тонна (соли 2014 - ҳудуди 775 ҳазор тонна ба маблағи 231,3 млн. $) гандум ворид гардид», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи намояндаи Агентии омор, кишвари асосии воридкунандаи орду гандум ба ҷумҳурӣ Қазоқистон боқӣ мемнад, ки соли гузашта ба Тоҷикистон аз ин давлат зиёда аз 139 ҳазор тонна (98,9% аз ҳаҷми умумӣ) орд ва ҳудуди 857 ҳазор тонна (99,8%) гандум интиқол дода шудааст.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон коргоҳҳои муосири истеҳсоли орд амал мекунанд.
«Бо дастури ҳукумат аз ҳисоби воситаҳои давлат қариб дар тамоми минтақаҳо корхонаҳои коркарди гандум сохта шудаанд, ки бо технологияи навтарин муҷаҳҳазанд. Айни замон беш аз 50 чунин корхонаҳо дар саросари кишвар фаъолият доранд»,- гуфт вазир рӯзи чоршанбе ба журналистон.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, талаботи Тоҷикистон ба орд 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста