Соли гузашта Тоҷикистон қарзаш ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қазоқистонро пурра пардохт намуд.
Муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода дар ин робита изҳор кард, ки аввали соли гузашта ҳаҷми қарзи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон - ҳудуди 8 млн. ва Қазоқистон - 12,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.
Ба иттилои ӯ, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли равон 2 млрд. 182,65 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 27,8% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар (аввали соли гузашта - 22,5%) баробар аст.
Афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ нисбат ба ММД дар соли гузаштаро Каримзода ба коҳиши ММД-и воқеъӣ нибат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва болоравии қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ нисбат дод. «Соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар қариб ба андозаи 87,8 млн. доллари ИМа афзуд», - иброз дошт номбурда.
Таъкид гардид, ки барои пардохти қарзи беруна бо назардошти қарзи Бонки миллӣ назди Хазинаи байнулмилалии асъор ва қарзҳо бо кафолати давлатӣ, ҳудуди 145 млн. доллари ИМА маблағ равона шудаааст, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ - беш аз 113,1 млн. доллари ИМА ва фоизҳо - ҳудуди 31,4 млн. доллари ИМА.
Мутобиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар сохтори қарзи хориҷӣ беш аз 1 млрд. 980 млн. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати ҷумҳуриро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷӣ ба беш аз 22,7 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳудуди 31,5 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.
Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) назди Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории мувозинати пардохтҳо ҷалб шуда буд, 130,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми қарзи аз Чин гирифтаи БМТ - 12 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд дастрасшуда - 5,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Кишвари асосии қарздиҳанда ба Тоҷикистон Чин ба шумор меравад, ки ҳаҷми қарз аз ин давлат зиёда аз 950 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (беш аз 325 млн. $) ва Бонки осиёгии рушд (277 млн. $) қарздор аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста