Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки барои боло бурдани ҳаҷми нафақаву стипендия ва кумакпулиҳову маоши кормандони бахши буҷети дар нимаи соли равон 620 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

Ба гуфтаи ӯ, ин воситаҳо дар қисмати хароҷоти буҷети давлатии кишвар барои нимсолаи дуюми соли 2016 пешбинӣ шуда, дар маҷмӯъ барои рӯйпӯш сохтани фарқ бо назардошти болоравии пешбинишуда аз 1 июл, ҳамасола 1,3 млрд. сомонӣ маблағи иловагӣ лозим аст.

Каримзода таъкид дошт, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузаштаи худ бо назардошти имкони молӣ ва вазъи иқтисодии кишвар ба афзоиши ҳаҷми маошу нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо тавсия дода буд.

Муовини вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар паёми имсола сарвари давлат доир ба ин масъала дастурҳои мушаххас дод.