Барои рӯйпӯш сохтани камбуди буҷети давлатӣ дар соли гузашта Бонки осиёгии рушд (БОР) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Тоҷикистон кумак карданд.
Муовини авали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сустшавии суръати рушди иқтисод дар кишварҳои шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар соли гузашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба кам шудани воридшавии воситаҳо ба буҷети ҷумҳурӣ боис гардид.
«Танҳо аз ҳисоби коҳиши ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ соли гузашта ба буҷет 581 млн. сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид шуд. Ҳамчунин нақшаи ҷамъоварии баъзе навъи андозҳо, аз ҷумла ААИ ба маблағи умумии 421 ҳазор сомонӣ низ иҷро нашуд», - иброз дошт муовини аввали вазири молия.
Ӯ қайд кард, ки ахири соли гузашта барои дастгирии буҷети ҷумҳурӣ БОР дар ҳаҷми 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард, ки 53,4 млн. доллари ИМА ҳамчун грант ва 6,6 млн. доллари ИМА ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод гардида, боз Иттиҳоди Аврупо низ 6 млн. евро ихтисос дод. «Ин воситаҳо имкон доданд, ки буҷет дар ҳаҷми 0,5% барзиёд иҷро шавад», - афзуд Ҷ.Каримзода.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта аз ҳисоби сарчашмаҳои пешбинишуда ба буҷети Тоҷикистон ҳудуди 600 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста