Дар Душанбе вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс баргузор шуд.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили вазъи молиявӣ ва рафти ислоҳот дар бахши молияи кишвар, натиҷаҳои он дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли равон, дурнамои вазъи иқтисод ва хавфҳо дар Тоҷикистон дар мавриди интиқоли маблағҳои пулӣ, рушди иқтисод, қурби мубодилаи арзи миллӣ, содироту воридот ва ғайраро баррасӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои сиёсати моливу андозбандӣ ва бонкии ҷумҳурӣ, нақшаҳои буҷет дар соли 2016, хароҷоти афзалиятноки пешбинишудаи он, тарҳҳо оид ба маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, солимгардонии вазъи молиявии «Агроинвестбонк» ва ҳамчунин муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои молии байнулмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Гуфта мешавад, ҳайати ХБА оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодии кишвар бо раёсатҳои дахлдори вазорату идораҳои ҷумҳурӣ машваратҳо доир намуда, Пол Росс атрофи вазифа ва ҳадафҳои кори ҳайат изҳори назар ва пешниҳоду тавсияҳои худро баён кард.
Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндаи домии ХБА дар Тоҷикистон Айдин Биболов низ иштирок ва андешаҳои худро дар мавриди масоили дар боло зикршуда изҳор намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста