Лоиҳаи нави Стратегияи милли рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва мавриди баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошт, ки ҷараёни таҳияи лоиҳаи мазкур ба итмом расида, ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст. «Лоиҳа бо назардошти тағйироти глобалии имрӯза дар ҷаҳон омода шудааст», - гуфт ӯ.
Дар идома ҳамчунин қайд шуд, ки зимни таҳияи ин санад тамоми омилҳои берунаи таъсиррасон ба иқтисоди ҷумҳурӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.
«Дар стратегия ҳамаи хавфу хатарҳо ба иқтисоди кишвар, қабл аз ҳама беруна ба назар гирифта шудаанд. Лоиҳа бо назардошти омилҳое, ки мо метавонем онҳоро барои таъмини рушди устувори кишвар истифода барем, таҳия шудааст», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста