Қурби барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамарӯза муқарраршаванда, ки бо сомонӣ дода мешаванд, дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.
Ба гунаи мисол БМТ қайд мекунад, ки Бонки миллӣ қурби расмии рубли русиро дар санаи 4 феврали соли равон 0,104 сомонӣ эълон карда, қурби амалиётии хариди рубли русиро бошад, 0,1075 сомонӣ барои як рубли русӣ муқаррар кардааст.
«Тавре мебинем, қурби хариди рубли русии интиқолӣ назар ба қурби расмии он 3,5 банд баланд аст, ки ин ба фоидаи интиқолгирандаҳо мебошад ё бо ибораи дигар гӯем, агар 1000 рубли русӣ бо қурби расмӣ ба 104 сомонӣ баробар шавад, пас он бо қурби амалиётӣ ба 107,5 сомонӣ баробар мешавад», - таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳ Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастур дод, ки шурӯъ аз 2 феврал маблағҳои пулии бо рубли русӣ ба Тоҷикистон воридшударо бо арзи миллӣ - сомонӣ диҳанд.
Дар БМТ шарҳ дода шуд, ки дастури мазкур ба хотири дастгирии арзи миллӣ, таҳкими қурби он ва танзими бозори асъор қабул шудааст. Ин дастур танҳо нисбати маблағҳои бо рубли русӣ интиқолшуда истифода шуда, ба дигар асъорҳои хориҷӣ дахл надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста